Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст…

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст… 

Роғун2

Эй кишвари мо, зебу фари мо.

Бодо муборак, оғози Роғун

Роғун иншооти бузурги аср мебошад. Маҳз бо ҳар як нидои марди накӯном Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дили мо ҳар як ватандор ору номус ва виҷдони саховатмандӣ бедор кард.

Иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ – обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиҳоро ато фармуд. Имрузҳо бо кушодашавии нерӯгоҳи барқии Роғун дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон боз корхонаҳои нави саноатӣ кушода шуда, сокинон бо корҳои нав таъмин карда мешаванд. Сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон боз ҳам беҳтар мегардад.

Моён кулли кормандони ширхоргоҳ-кудакистони №4 “Афсона”-и шаҳри Бӯстон хеле шоду хуррам ҳастем, ки чунин неругоҳи бузург баҳри ободии Ватани маҳбубамон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,

Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст,

Чун миллатро Сарвари фархунда накӯст,

Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.

Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,

Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.

Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст

Созандаи ноби Роғун ҳамватан аст.

Нигора Ғаффорова,

мудири кӯдакистони №4, шаҳри Бӯстон

 

Шарҳ диҳед