Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Декабрь 15, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ

Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ 

Abdel-Fattah-as-Sisi

2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирӯзиатон  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср бипазиред.

Ба Шумо саломатии комилу саодат ва дар маснади сермасъули роҳбари давлат комёбиҳои рӯзафзун баҳри таъмини рифоҳу шукуфоии мардуми дӯсти Миср орзумандам.

Итминон дорам, ки тайи давраи нави фаъолияти давлатии Шумо   кишварҳои ба ҳам дӯсти мо муколамаи созандаро  чи  дар сатҳи дуҷониба ва чи дар арсаи байналмилалӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳояшон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, илму маорифу фарҳанг ва мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, идомаи самарабахш хоҳанд дод.

Бо истифода аз фурсати нек ва таъкиди омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои саъю талошҳои муштарак дар ҷодаи таъмиқу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср муҷаддадан менамоям».

Шарҳ диҳед