Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Понедельник, Ноябрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Бароят эй Ватан Роғун бисозам!

Бароят эй Ватан Роғун бисозам! 

Роғун19

Бароят эй Ватан Роғун бисозам,
Ба азму ҷаҳди рӯзафзун бисозам.

Маро собиқаи корам зи Норак,
Нагӯям, ки чӣ хелу чун бисозам.

Бикӯшам рӯзу шаб монанди Фарҳод,
Ба зарби панҷаву нохун бисозам.

Барои миллатам кошонаи нур,
Ба зери домани гардун бисозам.

Шавад аз нури Роғун шонам афзун,
Варо ман бо дили мамнун бисозам.

Ватан – Модар, пас аз Роғун чу Роғун,
Бароят дар лаби Ҷайҳун бисозам!

СИНОИ АБӮАЛӢ, шоир аз шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед