Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Воскресенье, Январь 21, 2018
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017

Баргузории маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 

img_0779-09-01-18-04-48

Имрӯз 9 январи соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон маҷлиси фаъолон доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 баргузор гардид. Дар маҷлис мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҷлиси ҷамъбастиро Раиси шаҳри Бӯстон Рухсора Давлатзода оғоз намуда, муовини Раиси шаҳр Зоирӣ Ғафур Маҳмудзода оид ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар соли 2017 ҳисобот дод.

Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи меҳнатии шаҳри Бӯстон дар ин давра ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ тадбирҳои судманд андешида, фаъолияти худро дар самти таъмини рушди бомароми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр равона намуданд.

Нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр дар соли ҷорӣ ба андозаи 140,9 фоиз ва ба маблағи 68 млн. 905 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда ба маблағи 20 млн. 18 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 27 млн. 688 ҳазор сомонӣ ё худ 64,8 фоизро ташкил дод. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр бошад дар ин давра ба андозаи 132,0 фоиз ва ба маблағи 39 млн. 311 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида ба маблағи 9 млн. 681 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти ҳамаи хизматрасониҳо бо ҳисоби пулакӣ маблағи 182,2 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,8 млн. сомонӣ зиёд ё худ 208, 4 фоизро ташкил додааст.

Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода фаъолияти чанде аз корхонаҳои саноатию хизматрасонӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, Ҷамоати шаҳраки Палос ва дигарон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, аз як қатор роҳбарони корхонаҳои саноатию хизматрасонии шаҳр пурсиш ба амал оварда шуд. Дар самти бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои назаррас ба масъулон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой Султонӣ ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Бӯстон дар соли 2017 – ро назаррас арзёбӣ намуда, дар баробари ин, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта шахсони масъулро вазифадор намуд.

Шарҳ диҳед