Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Воскресенье, Сентябрь 15, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад… 

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар як муддати кӯтоҳ  мушкилоти зиёди иҷтимоию иқтисодиро ҳаллу фасл намуда, имрӯзҳо ба як кишвари ободу озод ва мутараққӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмиллалӣ устуворона қадам ниҳода, мардуми шарафманди он дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардидаанд ва баҳри зиндагии боз ҳам беҳтару саодатмандона пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар баробари ин имрӯзҳо ба ҳаёти осоишта мардум, сулҳу суботи на танҳо кишвари мо, балки тамоми давлатҳои дунё хатарҳои зиёд, аз ҷумла идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва террористӣ таҳдид мекунанд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан таъкид кардаанд. Роҳбари давлат дар баробари инъикоси дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ, аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ, камбудиву норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва мушкилоти олами муосир сухан ронда, якчанд маротиба дар бораи таҳдиди зуҳуроти манфии экстремизм ва терорризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ зимни суханронӣ оиди нақши ҷавонон таъкид карданд, ки “ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.”

Оре, миллати тоҷик таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро, ки дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои бадхоҳ, ки аз берун дастгирӣ меёфтанд ба амал омада буд, аз сар гузаронидаст, ва  минбаъд ба қадри сулҳу озодӣ мерасад ва дигар роҳ нахоҳад дод, ки қувваҳои бадхоҳ ба монанди ТЭТ ҲНИ барои пешрафту гул-гул шукуфии кишварамон монеа пеш оваранд. Дигар барои ҳама аниқ шудааст, ки ин неруи бадхоҳ ва зиддимиллӣ буда, мехоҳад мардумро ба ғуломию нестӣ барад.

Дар шароити кунунӣ, ки хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла  терроризму экстремизм авҷ гирифтаанд, мардуми мо ва хусусан ҷавонон бояд ҳушёру огоҳ бошанд ва  марзу бум, сулҳу озодии ватанро ҳифз намоянд.

Мо омӯзгорон аз ин падидаҳои номатлуб, ки ҳаёти осиштаро ноором, раванди касбу ҳунар ва донишандӯзии хонандагонро халалдор менамояд, дар ташвиш ҳастем. Ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мо муаллимон бояд кӯшиш намоем, ки дар ҷараёни таълиму машғулиятҳо, чорабиниҳои тарбиявӣ ва берун аз синфӣ бо ҷалби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва падару модарон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳро тарбия кунем ва шомил шудани ҷавононро ба ҳар гуна ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротгароӣ пешгирӣ намоем.

 

Мавзуна Файзуллоева

омӯзгори фанни забони русии

гимназияи № 2 шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед