Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад… 

Баргузории митинги наҳзатиҳо ва пасмондаҳои наҳзат дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон исбот намуд, ки онҳо барои ба даст овардани боварии хоҷагони хеш аз тамоми имконияту роҳҳо истифода намуда, мухолифати хешро ба сохти конститутсионии кишвар идома дода истодаанд. Мардум аз кирдору рафтори ин қабил афроди ҷиноятпеша огоҳии бештар дорад. Зеро маҳз сабабгори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон наҳзатиҳои ҷинояткор буданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ инҳо аз роҳи хиёнаткорӣ даст накашида, баҳри нооромиву нобасомониҳо ҷаҳду талош доранд.

Ин рафтори хоинони миллатро мо омӯзгорон шадидан маҳкум намуда, андешаи бузургонро ба хотир меорем, ки Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…

Итминони комил дорем, ки ин нокасон ба мақсадҳои разилонаи хеш нахоҳанд расид.

Саидова М. – омӯзгор аз шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед