Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ахлоқро бояд аз ислом омӯхт

Ахлоқро бояд аз ислом омӯхт 

Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 90% аҳолии ҷумҳурии моро пайравони дини мубини ислом ташкил медиҳанд. Яъне ҷомеаи мо афкори мустаҳками исломӣ ва нуқтаи назари тӯли асрҳо давомёфтаистода доранд. Вале мутаассифона дар ҷомеаи мо нафароне ҳам вуҷуд доранд, ки таассуб ба бегонапарастиро аз арзишҳои милливу динӣ боло мегузоранд. Ин гуна инсонҳо сарфи назар аз вазифаву тааллуқот ба ин ё он соҳаи ҷамъият мехоҳанд мардуми атрофи худро гумроҳ сохта, дар дили халқ нафратро ба сиёсати давлат бедор созанд. Онҳо зери ниқоби диншиносиву исломпарастӣ мудҳиштарин амалҳоро ба анҷом медиҳанд. Рафтору кирдори ин гуна ашхос норизогиву ҳаросро дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа ба вуҷуд оварда вазъияти носолимро бунёд мекунанд. Мо бояд зиракии сиёсӣ ва худогоҳиву хештаншиносии соф тоҷиконаро тақвият бахшида ба рӯйдодҳои атроф ба назари таҳлили дуруст нигарем. Насли наврасро дар руҳи арзи эҳтиром ба аҷдодони шоиста ва арзи муҳаббату ифтиҳор ба Ватани азиз тарбия намоем.
Наврасонро огоҳ созем то онҳо худро аз таъсири афроди ба ном диндор, вале мазҳабфурушу бегонапараст дур гиранд. Ҳодисоти дар атроф рӯй дода истодаро бо ақли закӣ таҳлил намуда хулосаи дуруст бароранд.
Ҳасанова С.,
директори МТМУ № 4
шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед