Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Среда, Декабрь 11, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » Ахбор.ком – сомонаи иғвоангез

Ахбор.ком – сомонаи иғвоангез 

Дар расонаҳои иҷтимоӣ Мирзои Салимпур сомонаи иғвогарона таъсис додаст, ки онро «Ахбор.ком» номидааст. Он «Ахбор.ком» набуда, балки хонаи анкабуд мебошад. Дар ин сомона Салимпур бешармона ахборҳои бардурӯғи иғвоангезонаи худро ҷой дода, мехоҳад, ки халқи тоҷикро гумроҳ созад ва оромии кишварамонро халалдор намояд.
Чуноне ки мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Роҳи пешгирифтаи Мирзо Салимпур роҳи хато буда, ӯро оқибат ба пушаймонӣ меорад. Салимпур мебоист ватани худро обод намуда, ғами халқи тоҷикро мехӯрд, на ин ки бо хабарҳои бардурӯғу иғвогарона халқро гумроҳ месохт. Салимпурро, гарчанде ки тамоми ҷаҳониён шиносанд ҳам, ӯ қадру манзалате надорад, зеро ӯ худро ба ҷаҳониён ҳамчун хоини миллат муаррифӣ намудааст ва ҷаҳониён пешравии тоҷикистониёнро хуб медонанд. Салимпур, ки худ ватанфурӯш ва фурӯхташуда аст, мехоҳад афкори мардумро бо расонаҳои бардурӯғу иғвоангезандаи худ вайрон созад. Мирзои Салимпур ин ҳамон рӯзноманигоре мебошад, ки аз Радиои Озодӣ мисли саг ронда шуд, агар ӯ афкори баланд ва фаъолияти хуби рӯзноманигорӣ медошт, чунин намешуд. Нигоҳҳои ғаразангез ва иғвогаронааш варо то имрӯз дар ба дару саргардон кардааст. Мирзои Салимпурро Тоҷикистон бо офтоби нармашу бо ҳавои софаш ва хокҳои ҳосилхезаш парвариш кардаасту ба воя расонидааст, лек ӯ ҳамчун фарзанди ноқобил теғ ба модар, яъне Ватан мекашад, ки ин рафтори ӯ ҳеҷ гоҳ нобахшиданист:
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Имрӯзҳо Тоҷикистони азизамон рӯз то рӯз ободу рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Мардуми заҳматкаши тоҷик ба ин гапҳои бардурӯғ фирефта нашуда, бо иродаи қавӣ устуворона қадам мегузоранд. Мардуми тоҷик фирефтаи иғвоҳои хоинони миллат ба мисли Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯ нагашта, баҳри ободии кишвари азиз камар бастаанд.
Имрӯзҳо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳо хеле назаррасанд. Ба кадом гӯшаву канори кишвар назар андозем гул гулшукуфии диёр ҳувайдост. Мардуми тоҷик зиндагии орому осоишта дошта дар фазои сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.

Зубайдуллозода И.,
директори Гимназияи №2
шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед