Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Бӯстон|Суббота, Март 23, 2019
Шумо дар саҳифаи Home » Мақомот » АЗ ХИЁНАТГАРИСТ БАДНОМӢ…

АЗ ХИЁНАТГАРИСТ БАДНОМӢ… 

Гузориши сафари Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ВМКБ хондаму аз дастовардҳои ин минтақа руҳам болида гардид. Ба ин ҳаёти осоиштаву ин тинҷиву ободию осудагӣ сад шукр намудам. Дастовардҳои ин сарзамини зарфишон дар ҳақиқат назаррас буданд. Сарвари давлат дар як сафари кории худ ба ин минтақа чӣ қадар иншоотҳои бузургро ифтитоҳ намуданд, бо вазъи зиндагии сокинони ин ҷо шинос шуданд, ба онҳо дастуру супоришҳоро роҷеъ ба рушди вилоят доданд. Ин муваффақиятҳо ҳар як шахси ватандӯстро рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои боз ҳам сарсабзу хуррам ва обод гардонидани кишвари худ қувва мебахшад.

Чуноне ки мегӯянд, дар ҳар ҷое ки кор ҳаст, камбудию норасоиҳо мешавад. Эродҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба авҷ гирифтани нашъамандӣ, убур кардани хати сарҳади давлатӣ, афзудани гурӯҳҳои ҷинояткор, махсусан дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа шунида нисбати ин қабил кӯрнамакон нафратам афзуд. Дар даврони гулгулшукуфии истиқлолият бо серию пурӣ зиндагӣ карда ба қадри он нарасидан кӯрнамакист.

Шоир Асадии Тӯсӣ беҳуда нагуфтааст:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз ӯ оби пок,

Нашояд фикандан ба он сангу хок.

Мақсади ин экстремистону террористон ба ҳар солимфикр маълум аст, ки онҳо тараққиёту пешрафти миллатро намехоҳанд, бо воситаи зарба задан ба пешрафти миллат хароб кардани давлатро хоҳонанд. Лекин ин мақсади кӯркӯронаи онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ намегардад. Халқи меҳнаткашу сулҳпарвари мо ба ин гуна ифротгароён лаънат мехонанд. Ин гуна касон аз қабили инсон нестанд.

Ҳар кас ки намак хӯрда намакдон шиканад,

Дар маҳфили риндони ҷаҳон саг беҳ аз ӯст.

Суханрониву таъкидҳои Сарвари давлат моро водор мекунад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, дар тарбияи насли наврас ҳамаҷониба кӯшиш намоем, ки насли ҷавон дар роҳи дурусти зиндагӣ тарбия ёбанд. Боақлу ботамиз, дурандеш ва хайрхоҳу накӯкор бошанд.  Дар зиндагӣ ба қадри ҳар як ободиву осудагӣ расида баҳри пойдории сулҳу оромии Ватан саҳмгузор шаванд. Ҳушёрию зиракиро аз даст надода, баҳри решакан кардани хиёнатгарию ифротгароӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоянд, зеро чи хеле ки шоир Низомии Ганҷавӣ мегӯяд:

Аз хиёнатгарист бадномӣ,

В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.

Бадию бадкирдорӣ ба роҳи нек намебарад.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолият бо тамоми ҳастӣ мекӯшем, то ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зебо гардад, хорҳои сарироҳӣ тоза карда шуда гулҳои бахту саодат шукуфон гардад.

 Мавлонова С. Г.,

омӯзгори гимназияи №2 шаҳри Бӯстон

Шарҳ диҳед